Қоидаҳои барномаи мукофотии хадамоти фармоиши такси «Maxim»

1. Қоидаҳо ба ҳамагуна истифодабарандаи барномаи мобилии «Maxim» равона карда шудаанд, пешниҳоди расмии хадамоти «Maxim» мебошанд ва ҳамаи шартҳои барномаи мукофотиро дарбар мегиранд.

2. Истилоҳҳое, ки дар қоидаҳо истифода бурда мешаванд:

2.1. Иштирокчӣ — истифодабарандаи барномаи мобилии «Maxim».

2.2. Иштирокчии нав — истифодабарандае, ки бори аввал барномаи «Maxim»-ро насб намуда, пештар тавассути барномаи фармоишҳо аз дастгоҳи мобилӣ ё рақами телефони худ промокоди хадамоти «Maxim»-ро фаъол накардааст.

2.3. Промокод — пайдарпайии ҳарфҳо ва рақамҳо, ки дар барнома барои мубодила дар байни иштирокчиёни барномаи мукофотӣ ҳосил карда шудааст. Промокод муайянкунандаи фиристонанда ва қабулкунандаи худ, мукофоти пешниҳодшаванда ва иштирок дар иқдомҳои хадамоти «Maxim» мебошад. Барои фаъолгардонии промокод онро ба майдончаи дахлдори барномаи «Maxim» ворид намудан лозим аст.

2.4. Рубли мукофотӣ — воҳиди шартӣ, ки бо рубли ФР ҳисоб карда мешавад (1 рубли мукофотӣ ба 1 рубли ФР баробар аст) ва онро ба сифати тахфифи то 30% барои пардохти сафар истифода бурдан мумкин аст. Рублҳои мукофотӣ ба воситаҳои пулӣ иваз карда намешаванд ва тибқи қоидаҳои мазкур муҳлати маҳдуди истифода доранд.

2.5. Ҳисоби шахсӣ — ҳисоби виртуалии истифодабарандаи барномаи «Maxim», ки хадамоти «Maxim» ташкил кардааст, дар он пешпардохтҳо ва маблағи воситаҳои пулии барои пардохти сафар нигоҳдошташуда ё ҳисобгардида ба қайд гирифта мешаванд.

3. Намудҳои мукофот:

3.1. «Мукофоти якум». Иштирокчии нав ба барномаи «Maxim» промокоди аз маводи рекламавии хадамоти «Maxim» гирифтаашро ворид менамояд. Баъди бомуваффақият фаъол гардонидани промокод ба ҳисоби ӯ 100 рубли мукофотӣ гузаронида мешавад, ки онро барои пардохти сафар дар давоми 90 рӯз аз лаҳзаи гузаронидани мукофот истифода бурдан мумкин аст.

3.2. «Ба дӯстон тақдим намо». Иштирокчӣ дар барномаи «Maxim» промокоди инфиродиро ҳосил карда, бо ҳамагуна тарзи имконпазир онро ба иштирокчии нав медиҳад. Баъд аз фаъолгардонии промокод дар дастгоҳи мобилии худ иштирокчии нав 100 рубли мукофотӣ мегирад. Иштирокчӣ 100 рубли мукофотиро барои ҳар як фаъолгардонии бомуваффақияти промокоди ӯ аз тарафи иштирокчиёни нав бо он шарт мегирад, ки иштирокчиёни нав дар давоми 90 рӯз на камтар аз 3 сафари тавассути барномаи «Maxim» ташкилшударо анҷом диҳанд. Рублҳои мукофотӣ ба ҳисоби шахсии истифодабарандагон гузаронида мешаванд ва онҳоро барои пардохти сафар дар давоми 90 рӯз аз лаҳзаи гузаронидани мукофот истифода бурдан мумкин аст.

3.3. «Промокоди иқдомӣ». Истифодабарандаи барномаи «Maxim» барои иштирок дар иқдоми хадамоти «Maxim» соҳиби промокод мешавад. Баъд аз фаъолгардонии промокод ӯ иштирокчии иқдом мегардад. Рублҳои мукофотӣ барои фаъолгардонӣ ҳисоб карда намешаванд.

3.4. «Промокоди мукофотӣ». Истифодабарандаи барномаи «Maxim» промокодро ба сифати мукофот аз рӯи ҷамъбасти натиҷаҳои иштирок дар иқдоми хадамоти «Maxim» мегирад. Баъд аз фаъолгардонии промокод рублҳои мукофотӣ ба ҳисоби шахсии истифодабаранда гузаронида мешаванд ва онҳоро барои пардохти сафар истифода бурдан мумкин аст. Миқдори рублҳои мукофотӣ ва муҳлати истифодаи онҳо тибқи шартҳои иқдом муайян мегарданд.

3.5. «Ташаккур аз Сбербанк». Дорандаи корти бонк бонусҳои «Ташаккур»-ро ба купони хадамоти «Maxim» дар сомонаи барномаи «Ташаккур аз Сбербанк» (https://spasibosberbank.ru/actions/taksi-so-skidkoj-do-30-pora-ehat/) иваз карда, соҳиби промокоди шахсӣ мешавад, ки онро дар барномаи «Maxim» фаъол мегардонад. Баъд аз фаъолгардонӣ ба суратҳисоби истифодабаранда рублҳои мукофотӣ гузаронида мешаванд. 1 бонуси «Ташаккур» ба 1 рубли мукофотӣ баробар аст. Онҳоро барои пардохти то 30%-и арзиши сафар истифода бурдан мумкин аст. Ҳамагуна дорандаи корти Сбербанк, ки аз барномаи «Maxim» истифода мебарад, бонусҳоро ба рублҳои мукофотӣ иваз карда метавонад.

4. Хадамоти «Maxim» дар бораи қоидаҳо, муҳлатҳо, шартҳои барномаи мукофотӣ дар барномаи «Maxim» ва сомонаи taximaximapp.ru хабар медиҳад.